Селҳои омада роҳҳоро баст

3 июли соли 2023 соати 13:00 дар ҳудуди деҳаи Водифи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ бар асари гармои шадид ва об шудани барфи қуллаҳои кӯҳҳо сатҳи оби рӯдхонаҳо боло рафт ва об аз соҳил берун шуд. Дар натиҷа сангу реги зиёд роҳҳои байни деҳаҳои Водиф, Деҳҳавз ва Деҳиҳисорро баст.

Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳиявии ҳодисаҳои фавқулодда фаъолият дорад ва корҳо барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат идома доранд. 

Дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва дигар хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз, яъне 3-уми июл тахминан соати 18:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар километри 247-уми роҳи мошингарди Душантбе-Ваҳдат-Лахш, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш убур мекунад, сел омад. Он сабабгори муваққатан баста шудани роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш шуд. Бо ёрии техникаи махсуси хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ паёмадҳои ин сел бартараф гардид. Ҳоло роҳ поксозӣ шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шудааст.

Ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як сокини 15-солаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир ғарқ шуд. Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо дарёфти ин хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади духтарро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон аз қароргоҳи худ берун шуда, дарҳои бастаи онҳоро боз намуданд.

Дар яке аз ин хонаҳо воқеъ дар кӯчаи Навоӣ, 15/3 як кӯдаки яксола танҳо дар хона монда буд.

Имдодагарон бо волидони ин тифлак ҳамсуҳбат шуданд ва онҳоро аз паёмадҳо танҳо гузоштани тифл дар хона ҳушдор доданд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE