Оид ба саҳми таърихии мардумони Тоҷикистону Русия дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конфронси байналмилалӣ доир шуд
8 октябр дар доираи баргузории ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози конфронс олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Русия бо намоиши дастовардҳои олимону пажӯҳишгарони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос гардида, ба он баҳои баланд доданд.
Ба меҳмонони ҷониби Русия иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун соҳиби дастовардҳои арзишманд шуданд.
Ин дастовардҳо маҳз бо таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, зеро барои олимону пажӯҳишгарон тамоми шароиту имконияти мусоидро фароҳам овардаанд.
Зимни конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки соли 2025 дар фазои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Соли сулҳ ва ваҳдат дар мубориза бо фашизм» эълон гардидааст, ки ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида мешавад.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 27 августи соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қатънома қабул гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раисияш дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуда буд. Ин қатънома, ки дар соли ҷашнии ҳаштодсолагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ҳадаф дорад, ки ҳамкориро байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Милали Муттаҳид тақвият бахшад.
«Ҷанги дуюми ҷаҳон — ҷанги умумӣ, ғалабаи умумӣ ва хотираи муштараки ҳама мардумони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон мебошад»,-иброз гардид дар конфронс.
Маҳз ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша нисбат ба сарнавишти шумораи ками иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, кормандони ақибгоҳ ва аъзои хонаводаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки рӯзи Ғалаба на танҳо фурсат барои арҷгузорӣ ба корномаи фарзонагони гузашта, балки ёдоварии аҳамияти нигоҳдории хотираи таърихӣ дар байни насли наврас мебошад.