Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Данғара, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуд
4 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни бунёди фабрикаи парандапарварӣ ва ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу текстил» шинос шуд.
Фабрикаи парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии деҳоти Себистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» бо иқтидори ду милиону сесад ҳазор сар паранда дар як сол дар масоҳати 23,75 гектар бунёд карда мешавад.
То имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, васлу насби таҷҳизот оғоз гардидааст.
Масъулон талош доранд, ки иншоотро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот ба истифода диҳанд.
Татбиқи барномаву стратегия, имтиёз ва фароҳам овардани имкони мусоиди соҳибкорӣ ба рушди бахши хусусӣ ва бунёди иншооти муосири соҳаи парандапарварӣ замина гузошт.
Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо талаботи сокинон зина ба зина қонеъ гардонида мешавад.
Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ки дар деҳоти Корези ноҳия ҷойгир мебошад, аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда истодааст.
Бо мақсади рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ муосиртарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Шветсария, Германия ва Чин оварда шудааст.
Марҳалаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шуд.
Марҳилаи дуюми он соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии қариб 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолии иншоот коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, соли 2018 ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғоз бахшида шуд.
Лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар идома дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” машварати корӣ баргузор гардида, равнақ бахшидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супоридани иншоот зарур шуморида шуд.
Дар идома Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз фаъолияти иншооти соҳаи саноат ва корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия дидан кард.
Майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тоҷикистони деҳоти Ғайрат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раъногул Маҳмудова бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз шуда, иншоот дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Баробари мавриди истифода қарор додани иншоот ва фароҳам сохтани имкони мусоиди ба варзиш машғул гардидани сокинон ҳамзамон 2 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд.
Таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба рушди соҳа замина гузошта, дар муддати кӯтоҳ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо иншооти варзишӣ бунёд шуда, ба ин васила барои солимӣ ва аз беҳудагардию амалҳои ношоиста дур гардидани сокинон замина гузошт.
Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ дар якчанд иншоот, аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 дар деҳаи Шаҳртеппаи деҳоти Ватан идома дорад.
Иншоот дорои 34 синфхона буда, барои ба таълим фаро гирифтани 620 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари қасри фарҳанги дуошёна дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Фархор филиали сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, пудратчӣ ҶДММ “Консол” ва лоиҳакаш ташкилоти лоиҳакашии КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”-и шаҳри Душанбе мебошад.
Фабрикаи ресандагии “Адолат” дар деҳоти Зафари ноҳия дар майдони 4 гектар бо иқтидори коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, васли конструксияи металлӣ, таҷҳизоти ҳавокашӣ ва ҳавотозакунӣ ва насби шифти коргоҳ пурра ба анҷом расонида шуда, дастгоҳу таҷҳизоти лозима низ дастрас карда шудааст.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, сикли ресандагӣ моҳи октябри соли 2015, сикли бофандагӣ моҳи декабри соли 2017, сикли рангуборкунӣ соли 2020 ва сикли дӯзандагӣ моҳи марти соли 2021 бояд ба истифода дода мешуд.
Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда бо сабаби пайдо накардани сармоя ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ иншоот ба фаъолият оғоз накард.
Вобаста ба ин Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки барои пайдо намудани сармояи мустақим ва дигар масъалаҳои зарурӣ ҳарчи зудтар чораҳои таъхирнопазирро амалӣ созанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 120 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Фархор дар доираи ҷашнҳои миллӣ сохтмон ва навсозии 470 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 421 иншоот ба истифода дода шуда, дар дигар иншоот корҳо бо суръат ҷараён доранд.
Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо ҷараёти татбиқ ва навсозии пойгоҳи обкашии рақами як дар мавзеи Уртабуз шинос шуд.
Таҷдиду барқарорсозии дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашии мавзеи Уртабуз дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ”-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Маркази хизматрасонии тиббӣ ва толори машқу тамринро ба истифода супорида, бо рафти бунёди иншооти ҷашнӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуд.
Бинои маркази хизматрасонии тиббӣ ва толори машқу тамрин дар маркази ноҳия – шаҳраки Москва ҷойгир буда, бо ташаббӯси соҳибкори ватанӣ Шариф Маҳмудов бо сифати баланд ва шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст.
Иншоот дуошёна буда, дар ошёнаи якум дорухона ва толори обутоби бадан, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳо барои муолиҷа ва табобат ҷойгир мебошанд.
Бо мавриди истифода қарор додани иншоот 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Барои табобат ва муолиҷаи сокинон мутахассисони варзида ва соҳибкасб ба кор ҷалб карда шуда, муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ дастрас карда шудааст.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардида буд.
Бо гузашти солҳои тӯлонӣ ҳолати таъмиру навсозӣ ба миён омада, бо ин мақсад соҳибкорони ноҳия иқдом гирифтанд, ки иншоотро дар доираи ҷашнҳои миллӣ сохта, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намоянд.
Корҳои сохтмонӣ нимаи дуюми соли 2020 оғоз гардида, айни ҳол тадбирҳои ободонӣ босуръат идома доранд.
Инчунин дар дохили боғ бунёди майдончаи истироҳатию фароғатии кӯдакона дар масоҳати 1,7 гектар, барои футбол, волейбол ва басткетбол ду майдончаи варзишӣ ва Амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи саноатикунии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар деҳаи Гулистони деҳоти Меҳнатобод бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Сайфуддин Насридддинов сохтмони корхонаи истеҳсоли намаки ошӣ бунёд карда шудааст.
Дар иншоот 27 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд.
Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва навсозии 242 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 239-тои он ба истифода супорида шуда, бунёди иншооти дигар ҷараён дорад.
Масъулон нақша доранд, ки то охири соли 2021 боз беш аз 60 иншооти иловагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо рафти истифодаи мақсадноки замин, парвариш ва нигоҳубини маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи намоишии деҳоти Қаҳрамон ва ҶДММ “Московский” шинос шуд.
Дар қитъаи намоишӣ майдони умумии заминҳои корам 20 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар 10,5 гектар пахта, 1,5 гектар помидор, 0,60 гектар бодиринг, 0,85 гектар қаламфур ва қаламфури булғорӣ, 2,55 гектар полезӣ, 5,20 гектар гандум, 0,75 гектар дигар зироат кишт намуда, дар майдони 0,60 гектар 15 гармхона ташкил карда шудааст.
ҶДММ “Московский” дар ихтиёри худ 56 гектар замини обӣ дорад, ки аз ин 8 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 22 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ҷамъияти мазкур барқароркунии 13 гектар токзори дигарро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон имрӯзҳо дар ду гектар барои парвариши зироат ва ниҳолони ситрусӣ бунёди ду гармхонаи доимӣ ҷараён дорад.
Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 13 ҳазору 318 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 11 ҳазору 825 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳад.
Майдони боғ як ҳазору 286 гектар ва ток 46 гектар буда, танҳо соли ҷорӣ 28 гектар ток барқарор карда шуда, 10 гектар токзори нав бунёд карда шуд. Майдони гармхонаҳои доимӣ 0,43 гектар ва мавсимӣ 7,22 гектарро дар бар мегирад.
Дар идома Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои тозакунии маҷрои дарёи Панҷ ва мустаҳкамкунии соҳили дарё шинос шуд.
Бо мақсади пешгирии хавфи обхезӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ ҳамасола дар соҳили дарёи Панҷ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Канали Чӯбек” корҳои тозакунии маҷрои дарё ва соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда мешаванд.
Масофаи соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро дар бар мегирад. Барои ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии хавфи обхезӣ дар мавсими имсола аз ҷониби муассисаи мазкур чор ҳазор тахтасанг омода ва захира карда шудааст.
Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ масъулонро вазифадор намуд, ки дар ин самт аз тамоми имконоти мавҷуда мақсаднок истифода карда, барои пешгирии хавфи обхезӣ ҳамаҷониба омода гарданд.