Дар Душанбе маросими қабул ва супоридани техникаҳои нав аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон баргузор шуд

Дар Душанбе маросими супоридан ва қабули техникаву механизмҳои роҳдорӣ, ки дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кумаки бебозгашт пешниҳод шудаанд, доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита иштирок намуданд. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «Вазорати нақлиёт барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиаҳои афзалиятноки соҳа пайваста кӯшиш менамояд. Ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷопон ва сафорати он дар Душанбе сабаби он гардид, ки дар қатори дигар лоиҳаҳо дархости лоиҳавии Вазорат ҷиҳати ба таври грант харидани техника ва таҷҳизоти махсуси барфтозакунии замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дастгирӣ ёбад».

Иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷопон – кумаки бебозгашт ба маблағи як миллиард йени ҷопонӣ (тақрибан 9,7 млн доллари ИМА) дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» сурат гирифт, ки оид ба ин 19 майи соли 2019 миёни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2019 тасдиқ гардида буд.

-Мо аз дастгирии Ҳукумати Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Душанбе ва  Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), инчунин дигар шарикони рушд, ки дар рушди соҳаи нақлиёту роҳдорӣ ва захираҳои инсонӣ дар кишвар саҳми арзанда доранд, миннатдорем,-гуфт Азим Иброҳим.

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита бо қаноатмандӣ аз ҳамкории судманди дуҷониба гуфт, ки «Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мушоҳида мекунад, ки ҳама намуди грантҳо ва кумаке, ки аз тарафи Ҷопон ба Тоҷикистон мерасанд, самаранок истифода мешаванд. Ин амал дар соҳаи нақлиёти кишвар баръало ба назар мерасад. Техникаи замонавие, ки имрӯз ба Тоҷикистон ворид шудааст, умедворем, ки солҳои зиёд ба иқтисоди кишвари шумо хизмати арзанда хоҳад намуд».

Дар доираи лоиҳаи мазкур 57 техникаву таҷҳизот пешбинӣ гардида, дар навбати аввал 44 техникаву механизми роҳдорӣ ба кишвар ворид гардид. Инҳо 5 экскаватор, 15 боркунаки фронталӣ, 16 регпошак ва 8 барфтозакунак мебошанд. Техника ва таҷҳизот ба механизаторони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии минтақаҳо ба таври тантанавӣ супорида шуданд.

Пас аз маросими расмӣ Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо механизаторон суҳбати ҳирфаӣ – тавсиявӣ доир намуда,  таъкид намуд, ки техникаро ба таври зарурӣ бояд нигоҳубин ва истифода кард, то он муддати тӯлонӣ истифода  шавад ва солиёни зиёд ба иқтисоди кишвар хизмат намояд. Вазифаи ҳар механизатор ва дигар шахсони масъул иҷрои одитарин корҳо —  сари вақт иваз намудани равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, истифодаи сӯзишвории ба меъёр мутобиқ ва дигар корҳои аввалиндараҷа мебошад. Муносибати боэҳтиёт бо техника умри онро дарозтар ва самаранокиашро зиёдтар мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE