Имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Барои иштирок дар ҷаласа ба Тоҷикистон Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф оварданд.
Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои муҳимеро, ки ба густариши ҳамкории мутақобили судманд дар ин қолаби бисёрҷониба мусоидат менамоянд, имзо менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раёсат мекунад.