ТАШАККУР БАРОИ ЁРӢ! Роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шоҳроҳи мошингард тахлия карданд

Дирӯз, 10 январ тақрибан соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ (9:30 ба вақти Душанбе) роҳдорони Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 5 кӯдакро ба ҷойи гарм тахлия карда, онҳоро бо хӯроки гарм таъмин намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба дафтари матбуоти «Қазавтожол» иттилоъ дод.Микроавтобуси мусофирбар дар шоҳроҳи А22 «Карабутак-Қустанай» аз вилояти Актюбе ба самти шаҳри Тюмен ҳаракат мекард. Шаҳрвандон пас аз расидан ба гузаргоҳ хабардор шуданд, ки бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар роҳ равуои мошинҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда манъ гардидааст. Кормандони роҳ барои ҷилавгирӣ аз ях кардани сӯзишвории дизелии микроавтобуси мусофирбар ва таъмини бехатарии одамон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷойи гарм интиқол доданд, ки онҳо дар он ҷо хуб гаштани ҳавои номусоидро мунтазир шуданд.Бинобар сабаби беҳтар шудани обу ҳаво микроавтобус роҳи худро давом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳдорони қазоқ барои кумакашон миннатдорӣ баён карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE