Дар Душанбе дар арафаи иди Қурбон ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил мегарданд

Дар арафаи иди Қурбон дар пойтахт ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил мегарданд. Дар ин хусус Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2022 ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки забҳи чорворо дар ҷойҳои барои ин амал муваққатан ташкилгардида гузаронанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE