Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» оғоз гардид.

Муаррифии иқтидор ва имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ ва бахши хизматрасонии молиявӣ аз ҳадафҳои асосии  Форуми «Digital Tajikistan»  мебошад.

Форуми дуюми «Digital Tajikistan»   фурсати муносиб барои табодули таҷриба бо мутахассисони байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE