Душанбе: Президенти мамлакат Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» ва Кохи «Парфенон»-ро ифтитоҳ намуданд
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти ин маркази муҳташами савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ, ки дар ҷумҳурӣ калонтарин ба ҳисоб меравад, оғоз бахшиданд.
Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ” бо санъати баланди меъмории миллӣ ва аврупоӣ бунёд гардидааст.
Маркази бошукӯҳи навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, майдони умумии он зиёда аз 3,5 гектарро дар бар мегирад ва бинои иншоот дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар бинои “Сиёма молл” 86 нуқтаи савдою тиҷорат, хизматрасонӣ, толору мағоза ва марказҳои дилхушию фароғатӣ мавҷуд аст, ки кор дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳадаф аз бунёди Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” пеш аз ҳама пешниҳоди хизматрасонии муосир дар самти таъмин ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ватанию хориҷӣ, сару либоси шинаму зебо барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, мардону занон ва калонсолон, дилхушии кӯдакон, истифодаи босамари вақт ва дар маҷмӯъ, мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” дар шаҳри Душанбе 700 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои кормандон шароити арзандаи фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси маркази муҳташаму замонавии савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ дар пойтахт ва фароҳам овардани имконияти васеи интихобу харидории молу маҳсулоти гуногун, ки истеҳсоли худӣ ва воридотӣ мебошанд ва барои қонеъ кардани талаботи аҳолӣ пешниҳод гардидаанд, ба муассисон изҳори сипос намуда, ҷиҳати истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар маркази навбунёд ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ асосан, дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои маркази “Сиёма молл” ҷойгир мебошанд. Мавриди зикр аст, ки бештари ширкату мағозаҳо, ки дар ин марказ фаъолият мекунанд, бо маҳсулоти дорои сифати баланд дар кишварҳои гуногуни олам машҳур буда, нуфузи баланд доранд.
Махсусан ширкату мағозаҳои маъруфи хориҷӣ молу маҳсулоти брендӣ, аз ҷумла либосҳои мавсимии мардонаву занона ва кӯдаконаро бо интихоби васеъ ба фурӯш гузоштаанд. Илова бар ин, дар марказ фурӯши маҳсулоти аълосифати хӯрокворӣ ва лавозимоти рӯзгор низ ба роҳ монда шуда, мизоҷон аз хизматрасониҳои муосири бонкӣ, мобилӣ, дорухонаҳои замонавӣ, толорҳои барҳавои мебел, техникаи маишӣ, таҷҳизоти барқӣ, нуқтаҳои фурӯши атриёт ва маводи ороишӣ бархурдор мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои фароҳамгардида дар чанд нуқтаи савдо ва хизматрасонии маркази мазкур дидан карда, бо соҳибкорону фурушандагон суҳбати самимӣ оростанд.
Даромадгоҳи асосии бино бо атриуми болокушода ва қандилҳои замонавӣ оро ёфтааст. Роҳравҳо, нуқтаҳои фурӯш ва толору мағозаҳои Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” васеъу барҳаво буда, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон дар дохили бино 6 эскалатор ва 4 лифти замонавӣ насб гардидааст.
Дар ошёнаи 2-юми бино маркази дилхушии кӯдакона, нуқтаҳои ҳозиразамони хӯрокҳои зудомодашаванда ва толори муосири синамо мавҷуд аст. Дар маркази дилхӯшии кӯдакону наврасон таҷҳизоти гуногун барои бозӣ ва фароғати насли оянда гузошта шудааст.
Дар қисматҳои вертуалӣ кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногуни шавқовар машғул мешаванд. Тамоми таҷҳизоти дилхӯшӣ аз кишварҳои пешрафтаи дунё дастрас ва васлу насб гардидааст, ки бо истифодаи он кӯдакону наврасон дунёи худро рангин месозанд. Маркази фароғатӣ бо завқу салиқаи баланд, бо дарназардошти дунёи зебою афсонавии кӯдакону наврасон ороиш ёфтааст.
Дар нуқтаҳои алоҳидаи марказ барои мизоҷон хӯришҳои гуногун, хӯрокҳои зерғизою болаззат ва таомҳои милливу аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад. Мизоҷон имкон доранд, бо истифода аз 400 ҷойи нишаст озодона ғизои дилписандро фармоиш дода, истеъмол намоянд.
Бояд гуфт, ки барои тамошои филмҳои тозаэҷоди олами синамо кинотеатри барҳавои замонавӣ бо як толори бароҳат ва се толори стандарти байналмилалӣ мавҷуд аст. Дар кинотеатри мазкур филмҳои гуногунжанр бо истифода аз техникаю таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа бо сифати баланд манзури тамошобинон мегарданд. Дар маҷмуъ кинотеатри марказ дорои 290 ҷойи нишаст буда, бо насби курсиҳои бароҳат барои дӯстдорону алоқамандони санъати синамо шароити баланди хизматрасонӣ фароҳам мебошад.
Дар ошёнаи 3-юми бино бошад, дафтари маъмурияти Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”, толори вохӯрӣ ва ҳуҷраҳои муосири кории ширкатҳои ватанию хориҷие, ки дар ин ҷо фаъолияти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ доранд, ҷойгир мебошанд. Тамоми ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурии корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти босамари кормандон шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Ҳамчунин дар ҳар як ошёнаи марказ нуқтаҳои дастшӯӣ сохта шудааст.
Дохил ва беруни бинои маркази муҳташаму замонавии савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ таҳти назорати доимии масъулони хадамоти бехатарӣ ва муҳофизон қарор дорад. Бо мақсади сарфаи неруи барқ дар марказ аз таҷҳизоти каммасрафи замонавӣ истифода мегардад.
Қобили зикр аст, ки Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” дорои шабакаи муосири таъминоти қувваи барқ, обрасонӣ, тозакунии ҳаво, таъмини гармию хунукӣ, огоҳӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ мебошад.
Дар ин ҷо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон маркази забономӯзӣ таъсис дода шудааст, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ барномаҳои таълимӣ гузаронда мешаванд. Инчунин дар марказ курсҳои махсуси омода кардани хӯришҳои гуногун ва кулчақанду шириниҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои нигаҳдори молу маҳсулот иншооти ёрирасон, ба монанди анборҳои барҳово дар марказ сохта шудааст, ки молу маҳсулоти зарурӣ дар онҳо захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.
Ҷиҳати вуруди бемамониати сокинон ва меҳмонон ба бинои марказ чор даромадгоҳ, аз ҷумла даромадгоҳи асосӣ, вуруд аз таваққуфгоҳ ва даромад аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил гардида, дастрасии мардум ба воридшавӣ хеле осон мебошад. Барои шахсони дорои ниёзҳои махсус низ дар ин марказ шароити зарурӣ ҷиҳати воридшавӣ ва истифода аз тамоми хизматрасониҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар шафати Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” таваққуфгоҳ барои зиёда аз 350 воситаи нақлиёт мавҷуд буда, нуқтаи муосири шустушӯи нақлиёт низ ташкил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ибтидои соли 2019 шуруъ шуда, наздики 400 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ҷалб гардиданд. Дар рафти корҳои бунёдӣ, асосан масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, ки истеҳсоли ватанӣ мебошад, истифода шуда, мутахассисони касбӣ аз рӯйи талаботи байналмилалӣ сохтмонро ба анҷом расондаанд.
Акнун дар Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона, пойафзоли босифат, атриёт, телефонҳои мобилӣ, маводи доруворӣ ва тиббӣ, ҷиҳози зарурии рӯзгор, мебелу техникаи маишӣ, армуғонҳо ва дар маҷмӯъ хизматрасониҳои гуногун бо нархҳои дастрас ба сокинони ҷумҳурӣ ва меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ пешниҳод мегардад.
Аз рӯйи лоиҳа бинои Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” бо лоиҳаи замонавӣ тарҳрезӣ гардида, зебою диққатҷалбкунанда аст. Барои ободу зебо гардидани ҳудуди марказ дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонда шудааст. Фаввораҳои зебову назаррабо ба ҳусни ин макон зебоии дигар зам мекунанд.
Роҳравҳои гирду атрофи марказ бо фаввораҳо, сангҳои хоро ва сафолаку канорасангҳо рӯйпӯш гардида, барои гашту гузори сокинон ва меҳмонон макони дилписанд аст. Шабона низ равшаннамоии марказ ба ин гӯшаи шаҳри Душанбе зебоии хосса мебахшад.
Паз аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маҷмааи хизматрасонии Кохи “Парфенон” дидан карданд.
Кохи “Парфенон” низ иншооти навбунёд буда, барои баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногун бо тарҳи зебо ва санъати баланди меъмории юнонӣ сохта шудааст. Иншооти мазкур бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои хурсандӣ бунёд гардида, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ дар он хизмат расонда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки тарҳи бинои Кохи “Парфенон” аз иншооти қадимаи юнонӣ гирифта шуда, нишонаи возеҳи арҷгузории миллати тамаддунофари тоҷик ба таъриху кӯҳани кишварҳои қадимаи дунё мебошад. Бо мақсади муаррифии таърихи қадима дар пештоқи бино ва дар дохили толор муҷассамаҳои қаҳрамонони юнони қадим гузошта шудааст.
Барои мувофиқ намудани толори баргузории маросимҳо маҳсулоти баландсифати сохтмонӣ бо тарзи руйпушкунии махсуси деворҳо истифода гардида, бо дарназардошти тақсими баробари овоз ва равшаннамоӣ вобаста ба маросими баргузоршаванда, таъмин карда мешавад. Ҳайати коргарони Кохи “Парфенон” бо сару либоси махсус ва бо сатҳи баланд омодаанд ба меҳмонон хизмат расонанд.
Бо бунёд ва ба истифода қарор гирифтани Кохи “Парфенон” 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, шароити муносиби корӣ доранд. Дар даромадгоҳи Кохи “Парфенон” долони барҳаво бо минтақаи истироҳатӣ ва нуқтаи нигаҳдории сару либос мавҷуд аст.
Толори асосии бесутуни Кохи “Парфенон” барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, ки боҳашаммату зебост.
Ҳамчунин дар кохи мазкур толори хурд, ҳуҷраҳо барои модару кӯдак ва даромаду баромади алоҳидаи ҳайати хизматрасон сохта шудааст.
Дар баробари толори асосӣ, толори хурд низ барои қабули меҳмонон ташкил гардида, бо тарҳи зебову замонавӣ оро дода шудааст. Барои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ дар кохи мазкур ҳамаи шароит фароҳам мебошад.
Дар саҳни бинои Кохи “Парфенон” фаввораи замонавӣ ва ниҳоли дарахти “Зайтун” муносиб ба таърихи бино шинонида шудааст.
Бинои Кохи “Парфенон” дар масоҳати 1400 метри мураббаъ ҷойгир буда, иншооти ёрирасони он бошад, 200 метри мураббаъро дар бар мегирад. Инчунин бо мақсади баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар ҳавлии байни Маркази “Сиёма молл” ва Кохи “Парфенон” бо нақшу нигори меъмории миллӣ ва фаввораи дилрабо саҳнаи кушод бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин як маркази муосири савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ, ки дар маҷмӯъ дар онҳо беш аз 600 ҷойи нави корӣ барои сокинон таъсис дода шуд, изҳори сипос карда, иқдоми шоистаи онҳоро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, бо қомат афрохтани Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Кохи “Парфенон” дар ноҳияи Фирдавсӣ ба симои шаҳри Душанбе боз ҳам зебоии хосса зам гардида, барои дастрасии сокинону меҳмонон ба хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи завқи баланд ва васеъ кардани ҷаҳонбинии шаҳрвандон шароити арзанда фароҳам оварда шуд.