Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон расид. Дар доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона дар 5 ҷамоати ноҳия ба 7833 оила нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегарданд.
Тақсими шоҳасар бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба роҳ монда шуда, сокинон ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун рамзи таваҷҷуҳи давлат ба фарҳанг, адабиёт ва худшиносии миллӣ бо эҳсоси ифтихору сипос пазируфтанд.