«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар доираи форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт Намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Дар намоишгоҳ молистеҳсолкунандагони тоҷик, яъне соҳибкорону сармоягузорон, корхонаҳою ширкатҳои саноатӣ молу маҳсулоташонро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук, саноати вазнин, металлургия, хизматрасонии бонкӣ, алоқаи мобилӣ, бахши фармасевтӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳо ба намоиш гузоштанд.
Дар намоишгоҳ 100 ширкату корхонаи истеҳсолию саноатии мамлакат молу маҳсулоташонро таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» ба намоиш гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз имрӯз то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор карда мешавад. Он платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои «сабз», рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок менамояд. Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи «сабз» ва соҳибкорӣ дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад.
Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд.























