Дар 6 моҳи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии гардиши савдо ба беш аз 10 миллиард сомонӣ баробар гардид

Дар 6 моҳи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии гардиши савдо ба беш аз 10 миллиард сомонӣ баробар гардид

“Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии гардиши савдо ба беш аз 10 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1 фоиз зиёд мебошад”- дар ин бора Шарифӣ Бахтиёр -муовини раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Нақшаи умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ё 118,8 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 430 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Воридоти умумии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И.Сомонӣ 118 фоиз ё ба маблағи 666 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 109 фоиз ё ба маблағи 713 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 126 фоиз ё ба маблағи 498 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 124 фоиз ё ба маблағи 814 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE