35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент беш аз 800 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент  бунёди 984 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз  809 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Дар айни замон сохтмони Маркази оши палов ва  таъмиру таҷдиди бинои асосии осоишгоҳи «Шифо», бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар деҳаи Озодагон, бинои маъмурии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар шаҳр, бинои маъмурии шуъбаи маориф ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, Боғи фарҳангии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар қисмати шарқии шаҳр идома дорад.

Сокинони шаҳри Панҷакент ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо дастовардҳои шоиста пешвоз мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE