«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони форуми байналмилалӣ ба шаҳрҳои Норак ва Роғун сафар менамоянд
Имрӯз барои иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки таҳти унвони «Иқтисоди «сабз»: имконияти имрӯз барои устувории фардо» 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обию энергетикӣ ва корхонаҳои саноатӣ сайр ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Меҳмонон ва иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба шаҳрҳои Роғун ва Норак рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мегарданд.
Инчунин Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе ва корхонаҳои истеҳсолию саноатии пойтахтро тамошо менамоянд.
Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.