Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
Шуруъ аз 10 ноябр дар заминаи муассисаҳои таълимии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе омӯзиши ройгони забони кореягӣ ба роҳ монда мешавад. Дарсҳо 6 моҳ давом карда, баъди он довталабон имкон доранд, ки дар Донишгоҳи лифти Корея давоми 2 сол таҳсил намуда, сипас дар бозори меҳнат фаъолият намоянд.
Дар ин хусус 28 октябр зимни мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо президенти Донишгоҳи лифти Корея Ҳюнсук Ли иттилоъ дода шуд. Ҷонибҳо дар суҳбат масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба, омӯзиши забони кореягӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳаро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар доираи ин мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи лифти Корея ба имзо расид.
Аз ҷумлаи ҳадафҳои ин санад ҷалби донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи ин санад, моҳи декабри соли равон сафари омӯзишии гурӯҳи аввали донишҷӯён дар ҳайати 8 нафар ба ин давлат дар назар буда, оянда теъдоди гурӯҳҳо ва донишҷӯён зиёд карда мешаванд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дар ҷумҳурӣ аст.

