Дар Сеул густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Институти ҷаҳонии рушди сабз баррасӣ гардид
Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ вохӯрии ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) барои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадафи асосии мулоқот аз густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар Кореяи Ҷанубӣ доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим иборат буд.
Ҷонибҳо дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба амалиёти иқлим муколамаи созанда анҷом доданд. Пеш аз ҳама, онҳо густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI)-ро бахусус дар заминаи энергияи таҷдидшаванда ва рушди устувор баррасӣ намуданд. Аҳамияти ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бо назардошти хусусияти фаромарзии мушкилоти экологӣ махсус таъкид шуд.
Намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз — GGGI доир ба пайравии Тоҷикистон ба уҳдадориҳои хеш дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва фаъолияти густурдаи мамлакат дар ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд. Ҷониби Институти ҷаҳонии рушди сабз — GGGI омодагиҳоро барои ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон, расонидани кумаки техникӣ, табодули дониш ва тақвияти тавонмандӣ ба Тоҷикистон тасдиқ намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ояндаи наздик дар бахши рушди устувори иқлими сабз яке аз пешқадамони минтақа мегардад.