Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд

 17 октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Меҳргон – оинаи фарҳангу забон» ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

 Дар ҷамъомад вобаста ба моҳият ва аҳамияти таърихии ин ҷашни аҷдодӣ ибрози андеша гардид.

Гуфта шуд, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари мамлакат бо шукуҳи хосса баргузор гардида, ифодаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат мебошад.

Меҳргон ҷашни тирамоҳи сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ҳамин тариқ, ҷашни Меҳргон на танҳо анъанаи куҳани фарҳангӣ аст, балки ҷашни сарҷамъӣ, заҳмат, қадршиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Ин ид на танҳо намоиши неъматҳои бо заҳмати деҳқонон рӯёнидаро фаро мегирад, балки майдони омӯзиш ва табодули таҷриба барои кишоварзон низ ҳаст. Дар доираи баргузории он деҳқонон ва мутахассисони соҳа метавонанд оид ба навъҳои гуногуни зироат, хусусияти иқлимӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ маълумот пайдо намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE