Нишастҳои матбуотии 27 июл

Имрӯз, 27 июл Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик  Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»,  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳо соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳо баргузор мешавад. Академияи идоракунии давлатӣ соати 09:00 дар Академияи мазкур нишасти матбуотӣ баргузор менамояд. Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷӣ доир мешавад.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 10:00 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд. Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ  соати 11:00 дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ доир мегардад. Нишасти матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE