Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Нақшаи генералии шаҳраки Данғара аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» дар масоҳати 3861 гектар таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 тасдиқ гардидааст. Ҳудуди нақшаи генералии шаҳрак ба ҳудудҳои маркази маъмурию ҷамъиятӣ, иморатсозии бисёрошёна ва хусусии истиқоматӣ, коммуналию анборӣ ва хизматрасонии марказӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин хусус имрӯз, зимни ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки соли 2024 лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Марказӣ, Неъмат Қарабоев, Зебунисо, Шарқ, Киров, Исмат Шариф, маҳаллаи рақами 8, Ҷамоати деҳоти Сафобахш ва деҳаи Файзбахш дар масоҳати 240 гектар барои 72 ҳазору 700 хонавода таҳия гардидааст.
Фонди манзили лоиҳавӣ 1 миллиону 455 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолӣ аз ҳисоби 20 метри мураббаъ ба 1 нафар 72 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. Талабот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 9600 ва таҳсилоти томактабӣ 7200 касро дар бар мегирад.
Дар ин асос, дар лоиҳаи муфассали банақшагирӣ бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи нақлиётии 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.