ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд

ZET-MOBILE, оператори пешбари алоқаи мобилии Тоҷикистон, бо ифтихор дар бораи пешравии бузург дар рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии кишвар – ба кор андохтани истгоҳҳои нави базавии 5G дар маҳаллаҳои калидии шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин рӯйдод ибтидои давраи нави интернети баландсуръат ва имконияти бемаҳдудро барои сокинони пойтахт нишон медиҳад.

Суръате, ки аз замон пеш мегузарад: афзалиятҳои 5G барои ҷомеа

Технологияи 5G на танҳо зинаи навбатии таҳаввулоти алоқаи мобилӣ аст — ин сатҳи сифатан нави интиқоли маълумот мебошад. Шабакаи насли панҷум имкониятҳои навро барои муштариёни хусусӣ ва тиҷоратӣ мекушояд: боркунии наворҳо бо сифати баланд дар сонияҳо, пайвасти устувор, қобилияти пайваст кардани дастгоҳҳои сершумор ҳамзамон бидуни гум кардани сифати алоқа. 5G барои рушди технологияҳои виртуалӣ, тибби фосилавӣ, шаҳри ҳушманд, фароҳам овардани имкониятҳо барои тиҷорат, маориф ва ҳаёти ҳаррӯза замина хоҳад гузошт.

ZET-MOBILE: сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон

Дар моҳи августи соли 2020 ZET-MOBILE аввалин шуда дар Тоҷикистон озмоиши шабакаи насли панҷум (5G)-ро оғоз намуд. Дар ҷараёни ин озмоишҳо суръати интиқоли маълумот то 1,2 Гбит/с ба даст оварда шуд. Дар моҳи майи соли 2021 оператор расман эълон кард, ки шабакаи 5G-ро ба таври тиҷоратӣ ба кор андохтааст ва аввалин шуда дар кишвар алоқаи пурраи 5G-ро пешниҳод намуд. Айни замон 24 адад истгоҳи базавии стандарти 5G аз ZET- MOBILE дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд насб карда шудааст.

“Ба кор андохтани истгоҳҳои 5G дар Душанбе на танҳо дастоварди техникӣ, балки тасдиқи садоқати амиқи мо ба рушди ояндаи рақамии Тоҷикистон аст, — иброз дорад Бахтиёр Ҳамидов, директори генералии ZET-MOBILE. — Мо ба технологияҳои пешрафта сармоягузорӣ мекунем. Ин иқдомест, ки симои шаҳрҳоро тағйир медиҳад, рушди иқтисодиро суръат мебахшад ва сифати зиндагии ҳар як шаҳрвандро беҳтар мекунад».

Лоиҳаи густариши шабакаи 5G натиҷаи кори чандинсола, сармоягузории назаррас ва ҳамкории зич бо таъминкунандагони пешрафтаи таҷҳизоти ҷаҳонӣ мебошад. ZET-MOBILE кӯшиш мекунад, ки ба муштариёни худ дастрасӣ ба технологияҳои пешрафтаро тавассути баланд бардоштани стандартҳои алоқаи мобилӣ дар минтақа таъмин кунад.

Ҷое, ки оянда воқеият дорад: истгоҳҳои нави базавии 5G дар Душанбе

Дар марҳилаи ибтидоии татбиқи технологияи 5G, ZET-MOBILE диққати асосиро ба фарогирии минтақаҳои калидӣ ва серодамтарини пойтахт равона намуд, то ки ҳарчи бештар сокинон ва меҳмонони Душанбе аз бартариҳои насли нави алоқа баҳравар шаванд.

Истгоҳҳои нави базавии 5G дар суроғаҳои зерин ҷойгир шудаанд, ки фарогирии максималиро дар нуқтаҳои стратегӣ муҳими шаҳр таъмин менамоянд:

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Маркази савдои «Садбарг», Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Майдони Дӯстӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, «Ориёнбонк», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик», Шарқи Озод, маҳаллаи 82, маҳаллаи 84, Фабрикаи «Ширин», Маркази савдою фароғатии «Сиёма Молл», Бозори «Корвон», Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, «Гранд Отел», «Диагностика», Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Гипермаркети «Ашан», Беморхонаи сироятии Душанбе, кӯчаи Айнӣ 55, инчунин дар маркази шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар.

Қадами навбатии ширкат — ба роҳ мондани истгоҳҳои асосии стандарти 5G дар нуқтаҳои калидии шаҳр, аз ҷумла: маҳаллаҳои 45, 61, 64, 65, 106, соҳили «Дунёи нав», кӯчаи Соҳилӣ ва хиёбони А. Ҷомӣ. Дар нақшаҳои наздиктарини ZET-MOBILE васеъшавии минбаъдаи фарогирии 5G дар саросари Душанбе ва шаҳрҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки интернети баландсуръатро барои ҳама дастрас менамояд.

Чӣ тавр метавон ба шабакаи 5G аз ZET-MOBILE пайваст шуд?

Муштариён метавонанд бе иваз кардани SIM-корт ба шабакаи 5G пайваст шаванд. Барои ин: боварӣ ҳосил кунед, ки дар суроғаи шумо пӯшиши 5G мавҷуд аст, санҷед, ки дастгоҳи шумо технологияи 5G Band 78 (3500 MHz)-ро дастгирӣ менамояд. Дар ҳолати лозим шудани кумак ба наздиктарин нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии ZET-MOBILE муроҷиат кунед.

ZET-MOBILE пешсафиро дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон идома дода, минтақаи фарогирии 5G-ро фаъолона васеъ менамояд ва шабакаи худро муосир мегардонад. Сохтмони пойгоҳҳои нави базавӣ, гузариш ба хатҳои оптикӣ ва ҷорӣ намудани системаи vEPC насли нав сифати баландтарини алоқаро барои ҳамаи муштариён кафолат медиҳанд. Нақшаҳои минбаъдаи ширкат васеъ намудани минтақаи фарогирии 5G-ро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дар бар мегирад, то ҳар як сокини кишвар аз бартариҳои интернети баландсуръат истифода намояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE