Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаи GIGA баррасӣ гардид
Масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани лоиҳаи GIGA, ки ҳадафаш пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет, густариши имкониятҳои рақамӣ барои ҷавонон ва соҳаи маориф мебошад, дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амалӣ намудани лоиҳаи GIGA-ро баррасӣ намуданд. Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории судманд бо ЮНИСЕФ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои татбиқи навовариҳо ва рушди сармояи инсонӣ таъкид намуд.

