Ҷойгоҳи стратегии шаҳри Душанбе дар рушди тамаддун ва иқтисоди миллӣ
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Ҷойгоҳи стратегии шаҳри Душанбе дар рушди тамаддун ва иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи гирд намояндагони сохторҳои давлатӣ, марказҳои таҳлилӣ, донишгоҳҳо, олимон, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии муҳокима – нақши шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар буд. Шаҳр бо рушди босуръати инфрасохтор, ҷалби сармоягузорӣ, густариши фарҳанг ва илм, ба як маркази муҳими стратегии минтақа табдил ёфтааст.
Иштирокчиён дар бораи имкониятҳои рушди пойтахт, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо табодули афкор намуда, таъкид карданд, ки Душанбе на танҳо маркази маъмурии кишвар, балки маркази тамаддуни миллӣ ва пуштибони сиёсати давлатӣ дар самти рушди устувори Тоҷикистон аст.
Дар анҷом, иштирокчиён пешниҳоду тавсияҳои худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани нақши пойтахт дар рушди миллӣ ва минтақавӣ ироа намуданд.
Шарифиддин Каримов
Садои Душанбе