Чор шаҳрванди бурунмарзӣ дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок доранд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ситоди Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, масъулини вазорату идора, вилоят ва ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ  доир ба баргузории  Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иттилоъ дода, зикр дошт,  ки   барои боз ҳам зиёдтар ҷалб  намудани ширкаткунандагон, ҳавасмандии бештар ва сифатан хуб гузаштани озмун бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағгузорӣ ба ғолибон ду баробар зиёд карда шуд. Ҳамзамон Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иштироки довталабон маълумот дода, зикр дошт, ки дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон имсол ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4 нафар шаҳрвандони бурунмарзӣ тариқи маҷозӣ иштирок доранд.  

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE