Оғози сафари расмии Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.