Хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар хатсайри сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

Хатсайри мазкур бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Зимни баргузории хатсайрҳои сайёҳӣ боздиди иштирокчиён аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз ҷониби роҳбаладон доир ба иншоотҳои сайёҳӣ ва иқтидори онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.

Муқаддас Машрабиён

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE