Маросими гулчанбаргузории муштараки роҳбарони парламентҳо

14 ноябр сафари кории роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар назди пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ идома ёфт.

Меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузоштанд ва ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE