Тоҷикистон ва Покистон татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомадаро баррасӣ намуданд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳутто Зардарӣ 23 январ дар Тошканд вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора ба дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар суҳбат атрофи масъалаҳои дуҷониба ва минтақавӣ, инчунин татбиқи мувофиқаҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 14-15 декабри соли 2022 бадастомада ибрози андеша карда шуд.
Имрӯз, 24 январ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад.