Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.Иншоот бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шудааст.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои қаблии хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки дар солҳои 50–60-уми асри гузашта сохта шуда буд, аз сабаби фарсуда гардидани инфрасохтор дигар ҷавобгӯи талаботи замони муосир набуд.Бинои нав дар минтақаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.Дар ошёнаи аввал мошинсарои бо имконияти ҷойгир намудани беш аз 20 нақлиёт бунёд шудааст. Бино 32 ҳуҷраи хизматӣ ва се синфхонаи омӯзишӣ низ дорад.Ҳамчунин, дар паҳлуи Маҷмаа бинои мошинсаройи техникӣ бо масоҳати 864 метри мураббаъ сохта шудааст.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маҷмааи нави хизматрасонии техникии парвозҳо бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтор ба меъёрҳо ва талаботи муосир ва инчунин баланд бардоштани сатҳи кори воҳидҳои сохторӣ бунёд гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE