Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон нақши САҲА-ро дар таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир дар паҳнои он муҳим арзёбӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки иштироки САҲА дар Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Созмон ба ин масъалаҳои мубрами минтақавӣ мебошад.

Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карданд.

Дар ченаки иқтисодиву муҳитзистӣ таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати рафъи пайомадҳои ҳамагирии коронавирус,  инчунин мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзии муташаккил ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон табодули андеша карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯ сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE