WTDC-2025: Тоҷикистон ва Эрон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи барқиро баррасӣ намуданд
Аз 17 то 28 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мегузарад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад. Дар ин хусус аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи конфронс вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттор Ҳошимӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ, воридоти трафики интернет аз Эрон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки мулоқоту суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки моҳи январи соли 2025 баргузор гардиданд, ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) буда, ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона гардидааст.
Дар конфронс нақшаи стратегии рушди бахши алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давраи чор соли оянда қабул гардида, афзалияти соҳа муайян карда мешавад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

