КАБКИ ЗИРАК ПАРАНДАИ СОЛ – 2026
Санаи 28 ноябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” ва ташкилоти байналмилаии НАБУ-и Олмон озмуни “Парандаи сол – 2026” баргузор гардид.
Рӯнамои намудҳои парандагоне, ки барои интихоби – «Парандаи сол – 2026» пешниҳод шуданд, аз ҷониби ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ – Талбонов Х.М. манзур карда шуд.
Озмуни «Парандаи сол – 2026» тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, натиҷаи озмун аз ҷониби Комиссияи баҳисобгирӣ ироа гардида, дар натиҷа аз 10 номинатсияи парандагони пешниҳодшуда бо овозҳои бештар кабки биёбонӣ (ё чил, кабки зирак) ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.

