Ба истифода додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзоти Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд.
Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти “сементал”, 90 сар зоти “шведӣ”, 110 сар “сиёҳалои тоҷикӣ” ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагӣ дар самти васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолӣ ва таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ баҳои баланд дода, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои табиӣ ҳидоят намуданд.
Чорвои ширдеҳ дар хоҷагии мазкур 450 сарро ташкил менамояд ва зиёд намудани саршумори он яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти хоҷагӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад имсол дар хоҷагӣ 360 сар насл гирифта шуд, ки назар ба солҳои гузашта зиёд аст.
Бо мавриди истифода қарор додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзот дар хоҷагӣ зиёда аз 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Парвариши чорвои майда самти дигари Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ба шумор рафта, бо ин мақсад ҳоло 6 ҳазор сар гӯсфанд, аз ҷумла мешҳо 4 ҳазор ва барра 3 ҳазору 680 сарро ташкил менамояд. Шумораи бузҳо бошад 1 ҳазору 186 сарро ташкил дода, то ин ҷониб 500 сар насл гирифта шудааст. Ҳамзамон дар хоҷагӣ 60 сар асп парвариш меёбад.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк парвариш карда мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар заминҳои хоҷагӣ 4 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил карда шудааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо чунин маҳсулот мусоидат намояд.
Сардхонае, ки дар дохили хоҷагӣ мавҷуд аст, ғунҷоишаш 40 тонна маҳсулот буда, ба талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти хоҷагиро ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал метавонад дар самти фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.