Эмомалии Нуралӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон ҳам қадрдонӣ шуд!

Тавре иттилоъ доред тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 31 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун барои меҳнати фидокорона бо мукофоти давлатӣ қадршиносӣ гардида буданд. Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 8 нафар кормандони соҳаҳои гуногун ба чунин қадршиносиҳо сазовор шуданд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз дастоварди ду варзишгари ҷавони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Гуаякили кишвари  Эквадор , ки зери вазни то  66 килограм дар байни 373 варзишгар ва 63 давлати дунё оид ба намуди гӯштини ҷудо, дастпарвари мактаби варзишии ноҳияи Хуросон – Эмомалии Нуралӣ ва дастпарвари муассисаи давлатии мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Хатлон Сунатулло Наврӯзов, ки дар шаҳри Абудабии Аморати муттаҳидаи Араб дар вазни 34 килограм аз рӯи муҳорибаи омехта миёни 42 давлати ҷаҳон чемпион гардиданд ин обрӯ ва ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар вазъияти тантанавӣ ба Эмомалии Нуралӣ 50 ҳазор сомонӣ ва ба Сунатулло Наврӯзов бошад 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем , ки аз ин пештар ҳам  ба ҷудокори ҷавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ хонаи ду ҳуҷрага бо тамоми шароитҳои муосир дар шаҳри Душанбе ва аз тарафи КМОТ 10 ҳазор сомонӣ маблағ инъом гардида буд. 

Манбаъ: https://varzishtv.tj/tj/news/emomal-nural-az-tarafi-raisi-viloyati-khatlon-am-adrdon-shud-/
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE