Дар шаҳри Роғун беш аз 100 ҳазор бех ниҳоли дарахт шинонида мешавад
Дар шаҳри Роғун маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.Ин тадбир аслан дар канори роҳҳои нақлиётӣ ва мавзеъҳои гарм идома дорад. Ба маълумоти масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ин шаҳр дар давраи баҳор тибқи нақша беш аз 100 ҳазор бех ниҳоли дарахтон шинонида мешавад.
Ба маълумоти Абдулазиз Боев- мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Роғун соли сипаригардида бо иллати хушксолӣ чанде аз ин номгуи ниҳол дар канори шоҳроҳҳо хушкидаанд. Аз ин хотир дар асоси тавсияи мутахасисон онҳо иқдом гирифтаанд, дар фасли тирамоҳу зимистон дарахтони ин мавзеъҳоро аз нав барқарор намоянд.
Дар асоси «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар баробари дигар шаҳру ноҳия, дар шаҳри Роғун низ беш аз як миллион ниҳоли дарахтон шинонида шавад. Ба гуфтаи Абдулазиз Боев масъули соҳа, ҷиҳати иҷрои ин барнома онҳо дар масоҳати 70 сотиқ ниҳолхона ташкил дода, номгуи ниҳолҳои ба иқлими минтақа тобоварро парвариш менамоянд.
Т. Сатторов
Садои Душанбе

