Санъаткорони шаҳри Ҳисор барномаи пуршукӯҳи фарҳангиро пешниҳоди сокинони Душанбе намуданд

 Дар Амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе  бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Таъкид шуд, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази умеду ормон гаштааст ва бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз симои худро куллан дигаргун намуда, зебову назаррабо гардидааст.

Шаҳри Ҳисор бо таърихи беш аз 3000-сола дар шафати пойтахт — шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳисор на танҳо  таърихи қадимаи ин водӣ, балки  минтақаро  таҷассум мекунад.  Гуфта шуд, ки дарҳои Ҳисори бостон ҳамеша ба рӯи сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, сайёҳону ҷаҳонгардон боз буда, ҳамасола меҳмонони зиёд бо маконҳои таърихию фарҳангии Ҳисор шинос мешаванд.

Овозхонону мутрибони Театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ҳунармандони ансамбли фолклории «Бобоҷоно» ва ансамбли рақсии «Сарвиноз» барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангиро, ки аз шеъру таронаҳо дар васфи  Ватан, Истиқлол, Ваҳдат ва зебогиҳои диёр иборат буд, пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE