ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд. Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE