Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сатҳи баланди солонаи Барномаи глобалии СММ (IREN) дар Истанбул иштирок намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода дар вохӯрии сатҳи баланди солонаи кишварҳои шарики Барномаи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо (IREN) дар шаҳри Истанбули Туркия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вохӯрӣ бо ибтикори Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) созмон дода шуда, ҳадафаш таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди иқтидори гурӯҳҳои байниидоравии миллӣ (ПГФ) оид ба назорати ҳаракати бор ва мусофирон мебошад.
Дар доираи ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон якчанд мулоқоти корӣ анҷом дода, инчунин дар бораи пешравиҳои ҷумҳурӣ дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими низоми назорати гумрукӣ ва рушди ҳамкории байниидоравӣ маълумот пешниҳод намуд.
Иштирокдорони вохӯрӣ аҳамияти идомаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси Барномаи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳоро /IREN/ таъкид намуда, ба масъалаҳои рушди зерсохторҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва амалӣ намудани воситаҳои муосири таҳлили хавф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон