22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 январ дар мамлакат ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ карда мешавад.

Дар вилояти Хатлон 21 январ ва рӯзонаи 23-24 январ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. 22 январ ва шабонаи 23 январ бориши барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо барф шиддат мегирад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 21-22 январ дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Аз 22 то 24 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. 22-24 январ дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 21 ва 23-24 январ дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 22 январ барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ 21-22 январ бориши барф дар назар буда, 22 январ дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук мешавад. 23-24 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 13-18 дараҷа хунукӣ дар назар буда, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, 21 январ ва рӯзонаи 23-24 январ дар водиҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. 22 январ ва шабонаи 23 январ барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва 21-22 январ дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. 22-24 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, 23-24 январ аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, танҳо рӯзонаи 23 январ ҳавои бебориш дар назар аст. 23-24 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон, махсусан ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба сафар мебароянд, тавсия дода мешавад, ки сафари худро имкон бошад, ба рӯзҳои мусоидтар мавқуф гузоранд. Ҳамчунин пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии обу ҳаворо мушаххас намуда,  қоидаҳои бехатарии ҳаракатро ҳамаҷиҳата риоя кунанд.

Мақомоти дахлдор барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE