Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  мешавад. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 429 аз 6 сентябри соли 2023 ба тасвиб расид.

Тавре дар қарори мазкур омадааст, ба зиммаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор карда шудааст.

Ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ низомнома, сохтор ва номгўи ташкилотҳои  низоми Кумитаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE