Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Александр Де Кроо мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти минбаъдаи шарикии тӯлонӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар самтҳои авлавиятнок, аз қабили тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, мудирияти захираҳои об, рақамикунонӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ, инчунин густариши истифодаи энергияи «сабз» баррасӣ карданд.
Ҷонибек Ҳикмат ва Де Кроо бо тасдиқи аҳаммияти «Ташаббуси СММ-80» барои ҳамкорӣ дар раванди амалисозии ин иқдом изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот намояндаи доимии Тоҷикистон мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Александр Де Крооро барои иштирок дар Конфронси 4-уми оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мешавад, даъват кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

