Дар кишвар 7966 майдончаи варзишӣ фаъолият дорад
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 11 280 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 129 варзишгоҳ, 7966 майдончаи варзишӣ, 2321 толорҳои варзишӣ, 107 ҳавзҳои шиноварӣ, 91 маҷмааи варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ, 771 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес, билярд, каток, тенниси рӯйи миз ва клубҳои ихтиёрӣ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.
Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

