Баргузории ҷаласа дар Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

28.12.202228 декабр ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло доир гашт, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2023 баррасӣ ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.Қайд гардид, ки муҳимтарин чорабиниҳои соли 2023 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин (23.09-08.10.2023), 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Тайланд (17-16.11.2023), 2-юм Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” дар Кузбаси Россия (23.02-05.03.2023) мебошанд, ки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо ширкат хоҳад кард.Таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ, баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ пеш аз Бозиҳои Осиё дар шаҳри Душанбе ва татбиқи барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё вазифаҳои дигари Кумита дар соли 2023 мебошанд.Дар ҷаласа сохтор ва воҳидҳои кории Кумита низ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE