Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Бобозода Умед зимни баргузории нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ниҳоди мазкур дар мавриди қазияи куштори писарбачаи 10- солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар Федератсияи Россия сари вақт вокуниш нишон дода, бо ҳамтоёни рус суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.Тибқи иттилои расида, маҳкумшуда айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва ин парванда таҳти назорат аст.
Инчунин ба суоли дигари мо дар мавриди муроҷиати шаҳрвандони тоҷике, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомат доранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иброз дошт, ки соли 2025-ум як гурӯҳ занони маҳбусии тоҷик, тавассути Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳои Федератсияи Россия, ҷиҳати интиқол додани онҳо ба муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

