Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон 34 кафедра фаъолият дорад
Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон 34 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин шумора 29-тоаш кафедраҳои тахассусии тиббӣ мебошанд. Дар соли ҷорӣ 3 кафедраи нав таъсис дода шуда, барои онҳо 28 кабинети нави таълимӣ ҷудо карда шуд — чунин иттилоъ дода шуд дар нишасти хабарии ин муассисаи таълимии кишвар.
Зарина Ибодзода, ректори донишкада.
Дар идома қайд кард, ки дар муассиса 259 гурӯҳи таълимӣ фаъолият мебарад: 122 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ, 119 гурӯҳ бо забони русӣ ва 18 гурӯҳ бо забони англисӣ. Бо назардошти қабули соли ҷорӣ, шумораи донишҷӯёни донишкада ба 4417 нафар расид
Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

