Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх
20 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Петер Маурер баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону КБСС, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда, мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кӯмаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шуданд.
Вазир, бинобар анҷом ёфтани фаъолияти П.Маурер ба ҳайси Президенти КБСС ба номбурда ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кард.
Манбаъ: ВКХ