Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад, хабар медиҳад бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқа аз 19 то 23 феврал дар шаҳри Минск доир гашта, дар он ҳашт даста иштирок менамояд. Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Беларус (19 феврал), Минск (20 феврал) ва Қазоқистон (21 феврал) неру месанҷад.
Дар гурӯҳи «В» тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия, Узбекистон ва Озарбойҷон рақобат мекунанд.
Мувофиқи низомнома, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ хоҳанд кард. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ ёфта, тимҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8-ум ҳам вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

