Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар намуд
Субҳи имрӯз, 19-уми июли соли 2021 ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба кишвари Ҷопон сафар намуд. Оғози расмии ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ 23-юми июл буда, ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик аз 24-ум шуруъ мешавад. Ҳайати мунтахаби олимпии кишвар бо шумули 23-нафар аз қабили 10 варзишгар субҳи имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Истамбул аз он ҷо ба шаҳри Токио сафар намуд. Дар Олимпиадаи Токио кишвари морро 10 варзишгар дар 4 намуди варзиш – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров дар риштаи бокс, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Термур Раҳимов дар намуди ҷудо, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ва Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук аз намуди давидан муаррифӣ мекунанд. Қабл аз сафар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони кишварро қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва феълан муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дилшод Назаров сарҷамъ намуда, ба онҳо комёбиҳо таманно намуд. Хотиррасон мекунем, ки Гулсумбӣ Шарифова бинобар осеб бардоштани пояш ҳамроҳи дигар варзишгари меҳан ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 рафта натавонист. Маросими тантанавии кушодашавии Бозиҳои олимпӣ 23-юми июл баргузор мешавад. Парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бозиҳо Темур Раҳимов мебошад.
Рақобатҳои варзишгарони тоҷик ва дигар қувваозмоиҳоро ТВ “Варзиш” мустақиман манзури ҳаводорон мегардонад. Дар ин замина ҳайати эҷодӣ ва техникии Муассисаи давалтии ТВ “Варзиш” ба макони баргузории мусобиқа сафарбар шуда, гузоришҳои хабарӣ ба таври мустақим ва саривақтӣ аз ҷараёни рақобатҳои варзишгари кишвар пешниҳод мекунад.
varzishtv.tj