Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад

Ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони вазирон Тангригулӣ Атахаллиев барои иштирок дар ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Душанбе омад. Дар ин хусус Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати расмии Туркманистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ 3-4 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар он масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ, вусъати равобити ду давлат ва имконияти нави муносибатҳои мутақобили судманд баррасӣ мегарданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE