Наврӯз фаро мерасад!
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми марти соли 2026, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро “таҳвили сол” меномиданд.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Дар акси поён, ки тавассути барномаи Stellarium сохта шудааст, мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст ва дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад.
Бӯризода Анвар Маҳмад, Ризои Баҳромзод Институти астрофизикаи АМИТ

