КӮЛОБ: КИТОБҲО ДАР МЕҲМОНИИ ХОНАНДАГОН

Тибқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар дар рӯзҳои таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои миёна барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона оғоз ёфта, алҳол табиқи он ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ки барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона гузаронида шуда, дар он китобҳои бадеиву соҳавӣ ба хонандагон дар манзилҳои истиқоматиашон дастрас карда мешаванд. “Аз ин рӯ, мақомоти иҷроия аз волидон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ин самт бо масъулини соҳаи маориф, фарҳанг, ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодаи манзил ҳамкории зичро ба роҳ монанд”, – менависад манбаъ.

Ба иттилои маркази матбуоти МИҲД шаҳри Кӯлоб ҳадаф аз баргузории ин барнома ҷалби наврасон ба китобхонӣ, мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва омӯхтани илму дониш, ғанигардонии тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва пешбурди ҳаёти солим барои ҳар инсон  мебошад.

Бод гуфт, ки ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб аз эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ дарак медиҳад.

Дар ин доира Вазорати маориф ва илми мамлакат ба мактабҳо дар давраи таътил рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насриро барои мутолиа пешниҳод намудааст. Ҳамчунин, дар ин давра дарсҳои иловагӣ, олимпиадаи ноҳиявию вилоятӣ, барномаҳои илмию адабӣ, китобхонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон баргузор гардида истодаанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE